Ангури Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Русия содирот гардид
ДУШАНБЕ, 23.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Федератсияи Русия маҳсулоти навбатии кишоварзӣ, аз ҷумла ангури ватанӣ содирот гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар заминаи рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ Тоҷикистон ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзиро ба кишварҳои хориҷӣ зиёд менамояд. Ангури тоҷикӣ бо сифати баланд ва таъми хоси худ дар бозорҳои хориҷӣ талаботи зиёд дорад.
Содироти ангур ба вилояти Пенза дар доираи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо минтақаҳои Федератсияи Русия амалӣ шудааст.
Иқлими мусоиди Тоҷикистон ва таҷрибаи чандинсолаи кишоварзон барои парвариши навъҳои гуногуни ангур шароити муносиб фароҳам овардааст. Афзоиши истеҳсол ва содироти ин маҳсулот барои васеъ намудани ҷуғрофияи содирот ва муаррифии иқтидори кишоварзии мамлакат дар бозорҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Роҳандозии содироти ангури ватанӣ ба бозори вилояти Пенза ҳамчунин барои таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ва рушди робитаҳои тиҷоратӣ бо минтақаҳои он замина мегузорад.
Зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии рақобатпазир, беҳтар намудани сифати он ва пайдо намудани бозорҳои нави содиротӣ аз самтҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
АКС: АМИТ «Ховар»













Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






