Ҳавопаймои хатсайри Душанбе–Минск бо маросими анъанавӣ истиқбол гирифта шуд

Август 31, 2026 08:47

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 август дар Фурудгоҳи миллии «Минск» маросими истиқболи ҳавопаймои хатсайри мунтазами ҳавоии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Душанбе баргузор гардид. Ҳавопаймо зери фаввораи анъанавии обӣ ба фурудгоҳ ворид шуда, ба ин васила ба хатсайри нави мустақими ҳавоии Душанбе–Минск оғоз бахшид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мусофирон ва ҳайати сарнишинонро дар назди ҳавопаймо бо нони миллии Беларус — «каравай», ки рамзи меҳмоннавозӣ ва самимияти мардуми Беларус мебошад, истиқбол гирифтанд.

Ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Минск на танҳо таъсиси долони нави нақлиётӣ, балки қадами муҳим дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус арзёбӣ мешавад.

Ба иттилои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», хатсайри нав ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, барои таҳкими робитаҳои дӯстӣ, густариши муносибатҳои фарҳангӣ, рушди сайёҳӣ ва тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Роҳбарияти Фурудгоҳи миллии «Минск» изҳор дошт, ки парвози мустақим барои мусофирон имкони зуд ва бароҳати расидан ба макони таъйинотро фароҳам оварда, зарурати анҷоми сафарҳои тӯлонӣ бо чандин таваққуфро аз байн мебарад.

Таъкид гардид, ки парвозҳо дар ин хатсайр минбаъд метавонанд афзоиш ёфта, Фурудгоҳи миллии «Минск» барои хизматрасонии мусофирони афзоянда бо сатҳи мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ омода мебошад.

Парвозҳо дар хатсайри Душанбе–Минск–Душанбе ҳафтае як маротиба — рӯзҳои шанбе анҷом дода мешаванд. Нахустин парвоз 29 август анҷом дода шуд.

 

АКС: MSQ.Spotter

Август 31, 2026 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд