Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид

Август 3, 2026 13:08

ДУШАНБЕ, 03.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии ҳавопаймои нави муосири Boeing 737-8 MAX, ки чанде пеш ба парки ҳавопаймоии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» ворид гардид, баргузор шуд. Ворид гардидани ин ҳавопаймо дар партави таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва татбиқи сиёсати муосири нақлиёти ҳавоӣ амалӣ гардида, қадами муҳим дар роҳи таҳкими иқтидори авиатсионии мамлакат арзёбӣ мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими муаррифии ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX» ҳайати роҳбарии Агентии авиатсияи гражданӣ, роҳбарият ва кормандони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои «Boeing», шарикони байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи граждании кишвар сол ба сол рушд намуда, мавқеи худро дар низоми байналмилалии ҳамлу нақли ҳавоӣ таҳким мебахшад.

Изҳор гардид, ки Агентии авиатсияи гражданӣ бо истифода аз тамоми имконияти мавҷуда ҳамкориро бо Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ва мақомоти авиатсияи граждании кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар самти таъмини бехатарии парвозҳо, бехатарии авиатсионӣ ва татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ мунтазам густариш медиҳад.

Ҳабибулло Назарзода илова намуд, ки ҳамкории Агентии авиатсияи гражданӣ ва ширкати «Сомон Эйр» бо ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои «Boeing» дар солҳои охир ба сатҳи нав бароварда шуда, ворид гардидани ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX» натиҷаи ҳамин ҳамкории самарабахш мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки то охири моҳи августи соли 2026 боз як ҳавопаймои муосири ҳамин навъ ба парки ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ворид карда мешавад. Ин иқдом барои амалисозии «Барномаи давлатии рушди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи сиёсати «Осмони кушод» заминаи мусоид фароҳам оварда, имконияти ҳамлу нақли ҳавоиро боз ҳам васеъ мегардонад.

Тибқи нақша, ҳавопаймоҳои нави «Boeing 737-8 MAX» дар баробари хизматрасонӣ дар хатсайрҳои мавҷуда, барои роҳандозии парвозҳои мустақим ба самтҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла Душанбе – Сеул, Душанбе – Пекин, Душанбе – Минск ва Душанбе – Лондон истифода хоҳанд шуд. Ҳамзамон, масъалаи ифтитоҳи хатсайрҳо ба дигар самтҳои ояндадори байналмилалӣ низ мавриди омӯзиш қарор дорад.

Дар ҷараёни маросим инчунин таъкид шуд, ки «Boeing 737-8 MAX» нисбат ба ҳавопаймоҳои «Boeing 737-800», ки ҳоло дар парки ширкати «Сомон Эйр» истифода мешаванд, имконияти техникии бештар дорад. Агар «Boeing 737-800» тавонад тақрибан 6–7 соат бе таваққуф парвоз намояд, пас «Boeing 737-8 MAX» қобилияти анҷом додани парвозҳои муттасили 8–9-соатаро доро буда, ин барои кушодани хатсайрҳои мустақим ба кишварҳои дур ва коҳиш додани вақти сафар мусоидат мекунад.

Гуфта шуд, ки ворид гардидани ин ҳавопаймо на танҳо иқтидори техникии парки ҳавопаймоии Тоҷикистонро тақвият мебахшад, балки ба баланд гардидани рақобатпазирии ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ, зиёд шудани шумораи мусофирон, рушди гардишгарӣ, тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ низ таъсири мусбат мерасонад.

Таъкид гардид, ки ҳар як хатсайри нави ҳавоӣ танҳо воситаи ҳамлу нақли мусофирон нест, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманди байни давлатҳо ва мардумон ба ҳисоб меравад. Тавсеаи шабакаи парвозҳои байналмилалӣ ба рушди сайёҳӣ, мубодилаи фарҳангӣ, густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва баланд гардидани обрӯи Тоҷикистон ҳамчун кишвари бозу дастрас дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

Ҳабибулло Назарзода ворид гардидани ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-ро дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро рамзи идомаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Роҳбарияти олии мамлакат дар самти рушди инфрасохтори нақлиётию таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ин ҷашни фархундаи миллӣ арзёбӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX» ба ифтихори донишманди барҷастаи тоҷик, файласуф ва табиби маъруфи асримиёнагӣ Абӯалӣ ибни Сино номгузорӣ шудааст, ки ин нишони арҷгузорӣ ба мероси илмӣ ва фарҳангии миллати тоҷик мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2026 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Осорхонаи таърихии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таъсис дода шуд
ҲАДАФ — ОБОДИИ ВАТАН. Иқдоми соҳибкори ватандӯст Наврӯз Сабзаев намунаи олии меҳандӯстӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистон аст
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Дарвоз баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Балҷувон шукуҳманд таҷлил карда шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рашт баргузор гардид
Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ховалинг бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Дар пойтахти мамлакат Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Лахшу Сангвор баргузор гардид