Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи корҳои омӯзишии анҷомдодаи мутахассисони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳудуди ёдгориҳои бостонии ноҳияи Темурмалик якчанд бозёфтҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониёни мансуб ба давлатдорӣ, шаҳрсозӣ ва хоҷагидории ниёгон бозёфт карда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хабар медиҳад.
Бозёфтҳои мазкур дорои аҳамияти баланди илмӣ ва таърихӣ буда, дар айни замон мавриди омӯзиш ва таҳқиқоти илмии мутахассисон қарор гирифтаанд. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ пас аз анҷоми омӯзиш дар шакли ҳисоботи илмӣ ва таҳлилӣ пешниҳод мегарданд.
Бозёфтҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён дар натиҷаи гузаронидани корҳои муайянсозӣ, шиносоӣ, омӯзиш ва таҳқиқи вазъи ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию бостонии мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик ва Восеъ, инчунин ҷамъоварии маълумоти саҳеҳ оид ба вазъи ёдгориҳои таърихию бостонӣ ва таҳияи маводи таҳлилӣ ба даст оварда шуданд.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд






