Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чор лоиҳаи муҳим, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод равона шудаанд, муаррифӣ гардид

Август 21, 2026 10:59

ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамчунин, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор лоиҳаи муҳим, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод равона шудаанд, муаррифӣ гардид.

Аз ҷумла, лоиҳаи Маркази ташхисию табобатии «Сино Мед», ки дар маркази ноҳия бунёд мегардад, пешниҳод шуд.

Ин марказ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Убайдулло Розиқзода  бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити муосири ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ пешбинӣ шудааст. Дар марказ ҷойгир намудани ҳуҷраҳои ташхисӣ, табобатӣ ва дигар бахшҳои зарурии тиббӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои фаъолияти муассиса таҷҳизоти муосири тиббӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Дар маҷмӯъ, дар иншоот таъсиси 80 ҷойи корӣ ва ҷой додани 40 кати хоб пешбинӣ гардидааст. Амалӣ шудани лоиҳа барои дастрасии аҳолии ноҳия ва минтақаҳои атроф ба хизматрасониҳои муосири тиббӣ имкониятҳои бештар фароҳам хоҳад овард.

Лоиҳаи сохтмони боғчаи кӯдаконаи «Оиша» барои 100 ҷой дар деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод низ муаррифӣ гардид. Муассиса дар асоси роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шуда, барои фароҳам овардани муҳити муносибу замонавӣ барои тарбияи насли наврас пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи корхонаи истеҳсоли шарбат ва нӯшокиҳои солими «Nushīn Juice» аз дигар тарҳҳои муаррифишуда буд. Корхона бо истифода аз иқтидорҳои муосири истеҳсолӣ барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти гуногуни нӯшокӣ пешбинӣ шуда, дар баробари рушди истеҳсолоти ватанӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин, лоиҳаи сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 480 ҷойи нишаст дар деҳаи Орифони ноҳияи Файзобод пешниҳод гардид. Муассисаи нав бо синфхонаҳои замонавӣ ва инфрасохтори зарурӣ бунёд гардида, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани имконияти мусоиди таҳсил барои хонандагон замина мегузорад.

Ҳамчунин, дар доираи тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Каримзода Манучеҳр ба 4 ятими кулл, 2 нафар аз оилаҳои камбизоат ва 1 варзишгар хонаҳои истиқоматии дуҳуҷрагӣ тақдим гардид.

Ин 4 ятим аз ҷониби хонаводаи Бобо Каримзода ба фарзандӣ қабул шудаанд. Ин оила тасмим гирифтаанд, ки онҳоро бо ҷойи истиқомат, таҳсилу касбомӯзӣ таъмин намуда, оиладорашон кунанд ва ба ҳаёти мустақиллона омода созанд. Ин иқдоми хайрхоҳона намунаи саҳми соҳибкорони ватанӣ дар дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмиву ғамхорӣ ба шаҳрвандон арзёбӣ мегардад.

Татбиқи чунин лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва иқдомҳои созандаву хайрхоҳона дар ноҳияи Файзобод бозгӯи саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа буда, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Муаррифии 4 лоиҳа ва тақдими хонаҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Файзобод 21.08.2026

Август 21, 2026 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд