Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – таҳкимбахши Истиқлоли давлатӣ ва таблиғгари ваҳдату ягонагӣ» чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб хабар доданд.
Дар чорабинӣ аҳли санъату ҳунар хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро бо барномаи рангини фарҳангӣ шод намуданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор дар таҳкими идеяҳои истиқлол, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори мамлакат саҳми арзанда дорад. Ҳизб дар даврони соҳибистиқлолӣ бо барномаҳои ҳадафмандона пайваста дар роҳи пешрафти Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Изҳор гардид, ки неъмати бебаҳои истиқлолу амният ва сулҳу суботи комил бо талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ва Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Ин дастовардҳо ҳар шаҳрвандро водор месозанд, ки барои ҳифзи истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ содиқона хизмат намояд.
Ёдовар мешавем ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси ҳизб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои сиёсиву фарҳангӣ идома меёбанд.
АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






