Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдату Истиқлоли мамлакат – асоси пойдории давлат» бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Иброз гардид, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи зан дар ҷомеа ба таври назаррас боло рафта, барои иштироки фаъоли занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Иштирокчиён саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарорсозии сулҳу суботи ҷомеа, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон доир ба дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва нақши занон дар сиёсати давлатдорӣ сухан гуфта шуд.
Таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ омилҳои муҳими пешрафти давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи ҳамоиш дар мавзуи «Таҳкими мақоми зан дар заминаи Истиқлоли давлат» ва «Мавқеи Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими мақоми зан дар ҷомеа» маъруза пешниҳод гардида, оид ба дастгирии давлатии занон, фароҳам овардани имконияти баробар барои иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва нақши занон дар рушди мамлакат табодули афкор доир шуд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд






