Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши бошукуҳи адабӣ-фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода ҳамоиши бошукуҳи адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш кормандони соҳаи тандурустӣ, аҳли фарҳанг, шоирону нависандагон, ҷавонон, занон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуда, барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон, хусусан солимии ҷомеа, рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи арзишҳои маънавӣ, ҳифзи забон, расму ойинҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстии насли ҷавон заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Истиқлолияти милливу давлатӣ барои халқи тоҷик беҳтарин неъмат ба ҳисоб рафта, мардуми мо ба ин восита соҳиби дастовардҳои шоиста гардиданд ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил шинохта шуданд. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри соҳибистиқлолиамон расем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, тамоми қувва ва неруямонро барои рушди он сарф намоем.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






