Байни Академияи идоракунии давлатӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА нақшаи чорабиниҳои муштарак ба имзо расид

Август 27, 2026 11:12

ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкории судманд ва тавсеаи шарикӣ дар самтҳои идоракунии муносиб, муқовимат ба коррупсия ва пешгирии зуроварӣ дар оила маросими имзои нақшаи чорабиниҳои муштараки солона бо Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.

Нақша аз ҷониби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Татяна Тсуркан ба имзо расид.

Нақша фарогири маҷмуи чорабиниҳои муштарак буда, ба рушди иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва таҳкими малакаҳои зарурӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила равона шудааст. Дар доираи он баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ, таҳияи модули таълимӣ, воситаҳои таълимӣ-методӣ бо ҷалби коршиносон, омӯзиши таҷрибаи муосир ва ташкили даврҳои омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҷонибҳо иброз намуданд, ки татбиқи нақшаҳои муштарак ба таҳкими ҳамкории минбаъда, баланд бардоштани фаъолияти босамар байни Академия ва Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мусоидат хоҳад кард. Мусоҳибон ҳамчунин барои идомаи ҳамкорӣ ва татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 27, 2026 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид