Байни Душанбе ва Минск парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз мегарданд

Август 10, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 29 августи соли 2026 ширкати миллии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазами мустақимро ҳафтае як маротиба, рӯзҳои шанбе дар масири Душанбе — Минск — Душанбе бо ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX» оғоз менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Оғози парвозҳои мустақим дар масири Душанбе — Минск — Душанбе ба таҳкими робитаҳои нақлиёти ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, рафтуомади бемушкилоти шаҳрвандони ду кишвар ва рушди ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва гуманитарӣ мусоидат мекунад.

Мусофирон имкон доранд чиптаҳои ҳавопайморо дар масири Душанбе — Минск — Душанбе тавассути сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дастрас намоянд.

Оғоз гардидани парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Минск дар ҳолест, ки чанде пеш бо мақсади рушди соҳаи авиатсияи граждании мамлакат ба парки ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» боз як ҳавопаймои навъи«Boeing 737-8 MAX» ворид гардида, барои боз ҳам зиёд намудани ҷуғрофияи парвозҳо имконоти нав фароҳам оварда шуд. Ворид гардидани ҳавопаймоии нави «Boeing 737-8 MAX» дар партави таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи авиатсияи гражданӣ ва татбиқи сиёсати муосири нақлиёти ҳавоӣ амалӣ гардид.

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи давлатии рушди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи сиёсати «Осмони кушод» табдирҳои зарурӣ андешида, барои таҳкими иқтидори ҳамлу нақли ҳавоӣ ва васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо шароити мусоид фароҳам меоварад. Тавре дар маросими муаррифии ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX» таъкид гардида буд, ин ҳавопаймо аз ҷумла дар масири Душанбе — Минск — Душанбе низ парвозҳо анҷом хоҳад дод.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки тавсеаи ҷуғрофияи парвозҳои байналмилалӣ дар баробари ҳали мушкилоти рафту омади шаҳрвандон ва афзуннамоии ҳамлу нақли ҳавоӣ, ҳамчунин ба рушди сайёҳӣ, мубодилаи фарҳангӣ, густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва баланд гардидани обрӯи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати «дарҳои боз» мусоидат хоҳад кард.

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуда, бо Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ – ИКАО ва маъмурияти авиатсияи граждании кишварҳои дуру наздик дар доираи талабот ҳамкориро таҳким мебахшад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад