Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 25 то 27 август дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардиданд, ки дар доираи он вохӯрӣ ва табодули таҷриба байни табибони ду мамлакат доир шуд. Инчунин се Ёддошти тафоҳум байни муассисаҳои соҳавии Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо расид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 27 август дар Душанбе Форуми «Тоҷикистон-Қазоқистон: ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, технологияҳо ва кадрҳо» доир шуд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки Рӯзҳои тибби Қазоқистон дар Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Сарони ду давлат бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ баргузор гардиданд.
Дар форум масъалаҳои «Рушди тандурустӣ: равишҳои муосир, инноватсияҳо ва дурнамои ҳамкорӣ» ва «Ҷарроҳии баландтехнологӣ: инноватсия, ҳамкорӣ ва интиқоли дониш байни Қазоқистон ва Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ҳамкории ду давлат дар соҳаи тандурустӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба боз ҳам баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбӣ ва ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат дар соҳаи тибби мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони ин давлат аз якчанд муассисаи тандурустии ҷумҳуриявӣ дидан намуда, бо ҳамтоёни тоҷики хеш табодули таҷриба намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






