«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он «Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид.
Гуфта шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагии бадеӣ ва миёнаи махсуси соҳаи фарҳанг, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва ба талаботу шароити муосир мутобиқ кардани фаъолияти онҳо таҳия шудааст.
Ҳадафи асосии барнома – ба роҳ мондани низоми ягонаи омодасозии кадрҳои ҷавон, нигоҳдошт ва ташаккули суннатҳои анъанавии «устод-шогирд», таҳкими базаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоию касбии омӯзгорони муассисаҳои таълимии зинаи аввал мебошад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар айни замон дар ҷумҳурӣ 85 муассисаи таҳсилоти иловагии бадеӣ, аз ҷумла 15 мактаби бачагонаи мусиқӣ, 64 мактаби бачагонаи санъат ва 6 мактаби бачагонаи рассомӣ фаъолият менамоянд.
Дар ин замина татбиқи барнома имкон медиҳад, ки мушкилоти мавҷудаи соҳа бартараф гардида, инфрасохтор ва низоми методию таълимии ин муассисаҳо ба стандартҳои таълимии муосир мутобиқ карда шаванд.
Барнома ҳамзамон барои ташаккули коллективҳои нави эҷодии кӯдакон ва наврасон, таъсиси устохонаҳои таълимӣ ва таълимию истеҳсолӣ, бахшҳои махсусгардонида, бунёди толорҳои намоишӣ ва консертӣ, хобгоҳҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ, инчунин ба низом даровардани банақшагирии эҳтиёҷоти соҳа ба кадрҳо ва талабот ба мутахассисон дар соҳаи фарҳанг ва санъат аз зинаи якуми таҳсилот замина мегузорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






