Барномаи стипендияи Ҷопон дар рушди иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 август дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи стипендияи Ҷопон ва Хазинаи байналмилалии асъор барои Осиё (JISPA) муаррифӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.
Барномаи JISPA зимни вохӯрии муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо Директори Дафтари минтақавии Хазинаи байналмилалии асъор барои Осиё ва Уқёнуси Ором Такаши Нагаока ва менеҷери барнома хонум Сайка Кин муаррифӣ карда шуд.
Дар мулоқот нақши барнома дар рушди иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ ва такмили сиёсати иқтисодӣ, иштироки кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барнома ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






