Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои иқтисодии мамлакат барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии мамлакат оид ба Барномаи муштараки стипендиявии Ҷопон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти баъдидипломӣ /JISPA/ ҳамоиши иттилоотӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни ҳамоиш ба иштирокдорон оид ба Барномаи муштараки стипендиявии Ҷопон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти баъдидипломӣ, аз ҷумла ҳадафу самтҳои асосии он, талаботи барнома нисбат ба довталабон ва тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дархостӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҳамзамон иштирокдорон имкон пайдо намуданд, ки оид ба раванди иштирок дар барнома, талаботи қабули ҳуҷҷатҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба саволҳои худ ҷавоби зарурӣ гиранд. Барномаи JISPA ба рушди иқтидори касбии мутахассисон ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои иқтисод, молия ва сиёсати давлатӣ равона гардида, барои такмили дониш ва малакаҳои касбии мутахассисони кишвар имконияти таҳсилоти баъдидипломиро фароҳам меорад.
Дар ҳамоиш инчунин директори минтақавии Хазинаи байналмилалии асъор барои Осиё ва Уқёнуси Ором — Такаши Нагаока, мудири Барномаи муштараки стипендиявии Ҷопон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти баъдидипломӣ (JISPA) Сайка Кин ва муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ иштирок намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






