Барои такмили ихтисоси мураббиёну омӯзгорон фаъолияти таълимӣ аз рӯйи низоми модулӣ оғоз гардид

Август 11, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади андешидани тадбирҳои доимӣ дар самти бозомӯзии касбии омӯзгорон ва дар се сол як маротиба аз даврҳои такмили ихтисос гузаронидани онҳо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф аз 10 август пешбурди фаъолияти таълимиро пурра аз рӯйи низоми модулӣ оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.

 Донишкада бо мақсади муосиркунонии низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи мамлакат ислоҳоти мазмуниро дар пешбурди фаъолияти таълимии даврҳои такмили ихтисоси мураббиён, омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагии мамлакат ба роҳ мондааст.

Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода изҳор дошт, ки дар муддати кӯтоҳ муҳлати аз даврҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф аз 5 сол ба 3 сол гузаронида шуда, даврҳои бозомӯзии мураббиён, омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ баргузор  мегарданд.

Низоми модулии таълим дар даврҳои омӯзишӣ аз рӯйи маҷмуи маводи таълимӣ, ки аз барномаи таълимии даври такмили ихтисос, роҳнамо барои омӯзгор (тренер), модулҳои таълимӣ (ҳар модул аз рӯйи мундариҷаи барномаи таълимии давр омода карда шудааст), маводи тақсимотӣ (вобаста ба ҳар мавзуъ ва модулҳо омодагардида), рӯнамо (презентатсия)-и омӯзгор ва маводи арзёбӣ иборат аст, таҳия гардидааст.

Таълими модулӣ таҷрибаи нав мебошад, аз ин рӯ, тамоми фикру пешниҳоде, ки аз ҷониби шунавандагони машғулият ва омӯзгорон-тренерон оид ба мазмун ва тартиби баргузории онҳо баён мегарданд, мавриди таҳлил ва корбарӣ қарор дода мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои гузаштан ба шакли модулии таълим дар даврҳои такмили ихтисос таҷрибаи 9 муассисаи такмили ихтисоси хориҷи мамлакат давоми ду сол мавриди омӯзиш қарор гирифт. Маҷмуи маводи таълим бо назардошти ҳадафҳои Стратегияи рушд ва маорифи миллӣ аз ҷониби омӯзгорону тренерони донишкада таҳия гардидааст.

АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

Август 11, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд