«БЕҲТАРИНИ ОСИЁ – 2026». Навраси тоҷик сазовори ҷоизаи байналмилалӣ шуд

Август 4, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таълимгирандаи маҳфили «Рақс»-и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Зебинисо Исмоилова дар Фестивал-озмуни XII байналмилалии санъати «ZHETI ONER – TASHKENT» сазовори ҷойи якум ва ҷоизаи олӣ – GRAND PRIX гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Ҳамзамон дар доираи ин фестивал-озмун Зебинисо Исмоилова ба унвони фахрии «БЕҲТАРИНИ ОСИЁ – 2026» (AZIA ÜZDIGI – 2026) сазовор гардида, бо Ҷоизаи махсус қадрдонӣ карда шуд.

Таълимгиранда таҳти роҳбарии омӯзгорони соҳибтаҷрибаи маҳфили «Рақс» — Машҳура Ҳакимова ва Хуҷакмар Кабиров омода гардида, маҳз бо заҳмати муштараки устодону шогирд ин натиҷаи шоиста ба даст омад.

Иштироки фаъолонаи таълимгирандагони пойтахт дар озмуну фестивалҳои байналмилалӣ аз сатҳи баланди омӯзиш, рушди қобилияти эҷодӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба тарбияи насли соҳибистеъдод шаҳодат дода, дар муаррифии фарҳангу санъати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»

Август 4, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид