Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода намояндагони касбу кори гуногунро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва сазовор гардиданашон ба мукофоти давлатӣ табрик намуда, онҳоро барои хизмати софдилона ба Ватан ва таъмини рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҳидоят намуд.
Таъкид гардид, ки дар тӯли беш аз се даҳсолаи охир бо ташаббусу роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати фидокоронаи мардуми тоҷик, самтҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодии кишвар бесобиқа ва ба таври назаррас рушд намуда, барои беҳсозии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ низ заминаи устувор гузошта шуд.
Баъди суханронӣ маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз 170 нафар барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги кишвар, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла 5 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 65 нафар бо медали «Хизмати шоиста», 3 нафар бо медали «Шафқат», 41 нафар бо медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 3 нафар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин 8 нафар бо ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2026, 3 нафар бо ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2026, 15 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2026 ва 33 нафар бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Шахсони бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонишуда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















































































































































































Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






