Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад

Август 13, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо эълонҳои бардурӯғ оид ба мусоидат ба гирифтани қарзҳои имтиёзнок паҳн гардида истодаанд. Аз ҷумла, барои фиреб додани шаҳрвандон қаллобон аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, логотип ва унсурҳои сохтаи расмӣ, фикру мулоҳизаҳои бардурӯғ ва ботҳои сохта истифода мебаранд.

Дар иртибот ба ин Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ба чунин эълонҳо ва паёмакҳо бовар накунанд. Бахусус, ба шахсони ношинос ҳеҷ гоҳ маблағ интиқол надиҳанд ва маълумотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоянд.

Хотиррасон мекунем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизмати бонкӣ намерасонад, ба аҳолӣ қарз намедиҳад, барои интиқоли маблағ аз шаҳрвандон дархост намекунад, тавассути паёмрасонҳо ҳуҷҷатҳои расмӣ ё шаҳодатномаи кормандонро ирсол намекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки «агар пай бурдед, ки фирефтаи қаллобон шудаед, фавран корти бонкиятонро маҳкам намоед, ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасон муроҷиат кунед ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳед».

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Август 13, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад