«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид

Август 23, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 23.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида 35–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дӯзандагии «Chakan House» ифтитоҳ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита иттилоъ доданд, ҳадафи таъсиси марказ бо ҷойи кор таъмин намудани занони ҳунарманди хонанишин мебошад. Дар айни замон 40 зан дар он ба фаъолият оғоз намудаанд, ки ин иқдом ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва устувории иқтисодии оилаҳо таъсири мусбат мерасонад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ба масъалаи эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Таъсиси ин маркази рушди ҳунармандӣ, бахусус барои бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон ва соҳиби даромад шудани онҳо замина фароҳам меорад.

Рушди ҳунарҳои мардумӣ воситаи муҳим барои муаррифии миллат, беҳгардонии сатҳи зиндагӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани духтарону занон аст. Тоҷикон аз давраҳои бостон ҳунарҳои зиёдеро доро буданд ва хушбахтона, ин суннату анъанаҳои миллӣ то айёми мо омада расидаанд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 23, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд