Даҳаи охири моҳи август дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз мешавад

Август 6, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз даҳаи охири моҳи август дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз  Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон.

Пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ ҳадафи асосии пахтакорон рӯёнидани ҳосили хуб мебошад. Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, яке аз шартҳои асосии рӯёнидани ҳосили хуби пахта интихоби дурусти навъи чигит ва сари вақт гузаронидани корҳои агротехникӣ мебошад.

16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъулини соҳа дастур доданд, ки «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026 – 2030» таҳия ва амалӣ гардад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 2026 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул карда шуд.

«Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» бо назардошти нақши пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабуки хӯрокворӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот ва амалӣ намудани механизми таъмини рушди устувори соҳаи пахтакорӣ таҳия карда шудааст. Барнома инчунин ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи пахтакорӣ, ба роҳ мондани парвариши навъҳои пахтаи ватанию хориҷӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа равона гардидааст.

Соҳаи кишоварзӣ зери таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дастгирии навбатӣ ба рушди соҳа ва кишоварзон равона карда шудааст.

Пахтакорӣ бахши сердаромади соҳаи кишоварзии мамлакат буда, рушди он барои таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом, бо ҷойи кор таъмин намудани мардум ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад.

Ба таҳлили коршиносон, кишоварзони мо таҷрибаи хуби пахтапарварӣ доранд ва агар аз он даромади хуб гиранд, метавонанд ҳосили баланди онро таъмин намоянд.

Пахта маҳсулоти даромаднок аст. Агар кишоварзон маҳсулоти дигар парвариш намоянд, бояд онро коркард карда, зуд ба фурӯш бароранд, зеро вайроншаванда аст. Нахи пахтаро деҳқон метавонад захира намояд ва дар ҳолати зарурӣ ба фурӯш барорад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 6, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд