Дар ҷаласаи Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москва ҷаласаи кории Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК) баргузор гардид, ки дар он Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа доир ба масъалаҳои муҳими соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла таҳкими сатҳи бехатарии парвозҳо, татбиқи стандартҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ, рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои авиатсионӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам табодули афкор доир шуд.
Ҳамзамон ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории судманд дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди минбаъдаи соҳаи авиатсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Бояд гуфт, ки аз 1 январи соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои вазифаи раисии Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуруъ намуд. Ин масъулияти муҳим дар доираи ҳамкории бисёрҷониба барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти мусоид фароҳам меорад, ки дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар самти рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ саҳми бештар гузорад.
Итминон аст, ки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди авиатсияи гражданӣ дар ҳама кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил такони иловагӣ бахшида, нуфуз ва обрӯи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорад.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






