Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Рашт якчанд иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.
Зимни ба истифода додани иншооти ҷашнӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ноҳияи Рашт иштирок намуданд.
Самти фаъолияти иншооти ҷашнӣ ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолии ноҳияи Рашт нигаронида шудааст. Нахуст дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонхонаи дуошёнаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои қабули меҳмонон ва баргузории чорабиниҳои гуногун бунёд гардида, ба симои маркази ноҳия зебоии тоза зам мекунад.
Ҳамчунин, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ 3 километр роҳи маҳаллаи Кочуни Ҷамоати деҳоти Навдӣ мумфарш карда шуда, барои сокинони маҳалла шароити мусоиди рафтуомад фароҳам оварда шуд.
Дар деҳаи Чақиҳои Ҷамоати деҳоти Аскалон муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак ба истифода дода шуд. Иншооти нав ба хотири фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои рушди зеҳниву ҷисмонии онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар маҳаллаи Фурудгоҳи Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсум низ маркази савдои замонавӣ ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур ба беҳтар намудани хизматрасонии савдо ба аҳолӣ, фароҳам овардани ҷойи нави кор ва рушди соҳибкории маҳаллӣ мусоидат мекунад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






