Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад

Август 24, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1300 километр роҳҳо аҳаммияти байналмилалӣ дошта, Тоҷикистонро бо се давлати ҳамсоя мепайванданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Хушқадам Одинекзода иттилоъ дод.

Яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ин аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба давлати транзитӣ табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳадаф тавассути таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва сохтмони нақбу пулҳо амалӣ мегардад.

Ҳамчунин саҳми назарраси давлат дар рушди иқтидори нақлиётӣ-логистикии вилоят низ назаррас аст. Соли 2025 ҳаҷми боркашонӣ 1 380,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 (412,4) 3,3 маротиба зиёд мебошад. Инчунин ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 18 миллиону 660 ҳазор мусофир расидааст, ки 2,9 маротиба нисбат ба соли 2020 зиёд аст.

Барои амалӣ намудани ин ҳадафи стратегӣ дар доираи лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳудуди вилоят сохтмони роҳи Қалъаихумб – Ванҷ – дарвозаи Рӯшон идома дошта, сохтмони пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд дар мавзеи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ ба масофаи 200 метр бо арзиши 104796,0 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Моҳи июни соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди 3,4-километраи мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бо долонҳои зиддитармавӣ ба масофаи 550 метр ва 1 пули мошингузар бо масофаи 82 метр ба таври маҷозӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат сокинони вилоят то шаҳри Душанбе дар 4 шабонарӯз мерасиданд, имрӯз ин масофаи роҳ дар муддати 8-10 соат тай карда мешавад.

Беҳтар гардидани ҳолати роҳҳои автомобилгард дар вилоят боиси таъмини эҳтиёҷоти шаҳрвандон ба хизматрасониҳои нақлиётӣ ва дастрасии ҳамаҷонибаи онҳо гардид. Он инчунин барои таъмини шароити бехатари интиқол додани бору мусофирон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам овардааст.

АКС аз бойгонӣ

Август 24, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон