Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид

Август 4, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 август дар толори машҳури Konzerthаus Berlin, дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic барномаи консертии ансамбли «Моҳирон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд.

Чорабинӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва бо даъвати фестивали байналмилалии Young Euro Classic доир шуд.

Дар ҷараёни консерт ансамбли «Моҳирон» барномаи рангини мусиқиро манзури тамошобинон гардонида, намунаҳои мусиқии суннатии тоҷик ва ҳамзамон асарҳои классикии ҷаҳониро, ки барои созҳои миллии тоҷикӣ мутобиқ гардонида шудаанд, иҷро намуд. Ҳунармандон бо маҳорати баланди иҷроӣ ва ҳунари касбӣ ғановати мероси мусиқии Тоҷикистонро ба ҳозирин муаррифӣ карданд.

Барномаи консертӣ аз ҷониби тамошобинон бо самимияти хосса истиқбол гардида, бо кафкӯбиҳои бардавом пазируфта шуд. Иштироки ансамбли «Моҳирон» дар яке аз бонуфузтарин фестивалҳои мусиқии ҷавонони Аврупо саҳми арзандае дар муаррифии фарҳангу санъати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гузошт.

Дар фарҷоми консерт меҳмонон имконият пайдо намуданд, ки бо ҳунармандон суҳбат намуда, бо созҳои миллии тоҷикӣ, таърих ва вижагиҳои онҳо аз наздик шинос шаванд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Август 4, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд