Дар Бонки миллии Тоҷикистон тақвияти робитаҳои байнибонкии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд

Август 21, 2026 16:38

ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши бонкӣ дар меҳвари мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уике қарор гирифт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бахши бонкӣ, аз ҷумла рушди низомҳои пардохт, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, фарогирии молиявӣ, назорати бонкӣ ва суғуртавӣ, инчунин табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ бо Бонки захиравии Ҳиндустонро баррасӣ карданд. Ҳамчунин барои ба роҳ мондани робитаҳои муносибатҳои мустақим байни бонкҳои тиҷоратии ду кишвар, густариши муносибатҳои корреспондентии бонкӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани пардохтҳои фаромарзӣ табодули афкор доир шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва иштироки муассисаҳои молиявии байналмилалӣ дар рушди низоми бонкӣ ва молиявии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин замина, иштироки муассисаҳои молиявӣ ва сармоягузорони Ҳиндустон дар рушди бахши бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мегардад.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи бонкӣ метавонад ба рушди робитаҳои иқтисодиву молиявии Тоҷикистону Ҳиндустон ва фароҳам овардани имконияти нави ҳамкорӣ мусоидат намояд.

 

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Август 21, 2026 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд