Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд

Август 23, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 23.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати мамлакат соли 2025 барои иҷрои корҳои сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар маҷмуъ 8,1 миллиард сомонӣ равона намуд. Соли 2026 тибқи нақша 11,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 август дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун».

«Имрӯз дар иншооти неругоҳ зиёда аз 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 4000 расонида шудааст», — изҳор доштанд Пешвои миллат.

Сарвари давлат афзуданд, ки «бо бунёд кардану ба кор андохтани Неругоҳи барқи обии «Роғун» мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистони азиз ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзу ояндаро таъмин менамоем».

Иттилоъ дода шуд, ки дар 7 моҳи соли равон барои корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ 8,4 миллиард сомонӣ сарф шудааст. Умуман, аз соли 2008 то имрӯз Ҳукумати мамлакат барои корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо 60,3 миллиард сомонӣ маблағ равона кардааст. Ин нишондиҳандаҳо бори дигар собит месозанд, ки ба анҷом расонидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 23, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд