Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 70 корхонаи дорусозӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. То замони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ танҳо як корхонаи дорусозӣ фаъолият мекард. Имрӯз 71 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дошта, зиёда аз 634 намуд дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол ва коркард карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 3 500 муассисаи фарматсевтӣ ва дорухонаҳо фаъолият менамоянд. Дар шаҳри Душанбе 804 адад, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 545 адад, дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 703, дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 386 адад, дар вилояти Суғд 991 ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 71 муассисаи фармасевтӣ фаъолият доранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» қабул гардидааст. Мақсади барномаи мазкур беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ тавассути навсозии инфрасохтори дахлдори тандурустӣ мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид






