Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад

Август 3, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 03.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 3 мегаватт сохта мешавад. Неругоҳ дар баландии 2660 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар айни замон сохтмони он дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар деҳаи Рож бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи муосири варзишӣ ва ҷой барои оббозӣ бунёд карда мешавад.

Ободонию созандагӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ба беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори шаҳру деҳот равона гардидааст. Дар доираи ин сиёсат дар саросари мамлакат роҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар иншооти муҳим сохта шуда, симои шаҳру деҳот зеботар мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки ҳар шаҳрванд бояд бо дарки масъулияти ватансозиюу давлатсозӣ дар ободонии маҳалли зист саҳм гузорад. Сарвари давлат изҳор доштанд, ки раванди ободонию тозакорӣ бояд тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла дурдасттарин деҳотро фаро гирифта, ба анъанаи доимии ҷомеа табдил ёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Август 3, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»