Дар доираи Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея дар Сеул ҳайатҳои ду давлат вохӯрӣ анҷом доданд

Август 11, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 12 август дар шаҳри Сеул нахустин Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар доираи баргузории ин форум 11 август дар шаҳри Сеул таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода ва муовини якуми вазири саноат, тиҷорат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея Мун Шин Ҳак вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масъалаҳо оид ба дурнамои густариши ҳамкории ду давлат дар соҳаи маъданҳои муҳим баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ҳамзамон роҷеъ ба ҳамкории натиҷамеҳвар дар ин соҳа бо истифода аз захираҳои бойи маъданҳои Тоҷикистон ва технологияҳои пешрафтаи Корея мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 11, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд