Дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Ҳисор иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҳисор, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 август баргузор гардид, якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Дар деҳаи Баракати Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода муассисаи таҳсилоти томактабии «Нури Хат» мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи нав барои фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи кӯдакон ва фарогирии онҳо ба таҳсилоти томактабӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода бинои иловагии таълимӣ барои 768 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода шуд. Ин иқдом ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани имконияти бештар барои хонандагон мусоидат мекунад.
Ҳамзамон дар кӯчаи ба номи Нуриддин Қаюмови шаҳраки Ҳисор маҷмааи варзишии муосир, ки аз майдончаҳои кушода ва пӯшида, ҳавзи шиноварӣ ва ҳаммоми замонавӣ иборат мебошад, ба истифода дода шуд. Маҷмаа барои рушди тарбияи ҷисмонӣ, оммавигардонии варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону ҷавонон пешбинӣ гардидааст.
Дар деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Ҳисор корхонаи қабул ва коркарди пахтаи ҶДММ «Котон Органик» мавриди истифода қарор гирифт. Фаъолияти чунин корхонаҳо дар рушди соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва афзоиши иқтидори истеҳсолии шаҳр саҳми назаррас мегузорад.
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар деҳаи Шуроби Искандари Ҷамоати деҳоти Сомон корхонаи истеҳсоли хишти пухтаи ҶДММ «Тоҷик Авто Караван» ба фаъолият оғоз намуд. Корхона бо истифода аз имконияти мавҷудаи истеҳсолӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси ҷойи нави кор бунёд гардидааст. Инчунин дар деҳаи Ғайратободи Ҷамоати деҳоти Сомон маркази савдо ва хизматрасонии «Алмосӣ» ба истифода дода шуд. Он барои сокинон ва меҳмонон хизмати гуногун расонида, ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ дар маҳал мусоидат мекунад.
Дар идома ба як гурӯҳ ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд туҳфаҳо тақдим гардида, ба масъалаи дастгирии иҷтимоӣ ва ғамхорӣ нисбат ба насли наврас таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






