Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Мактаби байналмилалии тобистона оид ба омӯзиши криосфера ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Мактаби байналмилалии тобистона таҳти унвони «Дарки хатари криосфера: аз пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ то яхбандии абадӣ» ба фаъолият оғоз кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, Мактаби байналмилалии тобистона ба «Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосфера) барои солҳои 2025–2034» ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Он дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо, захираҳои об ва мубориза бо таъсири тағйирёбии иқлим фаъолият менамояд.
Иштирокчиёни Мактаби байналмиллаии тобистона донишҷӯён, магистрантон ва муҳаққиқони ҷавон аз мактабҳои олӣ, институтҳои таҳқиқотии ватанӣ ва давлатҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Покистон мебошанд.
Барномаи мактаб барои даҳ рӯз пешбинӣ гардида, машғулияти назариявӣ, муҳокимаҳои илмӣ ва сафарҳои омӯзиширо ба минтақаҳои табиии Тоҷикистон дар бар мегирад. Иштирокчиён зимни ин сафарҳо бо пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ ва дигар объектҳои криосфера шинос шуда, дониш ва малакаашонро дар самти омӯзиши тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии хатари офатҳои табиӣ такмил медиҳанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






