Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади мутобиқ намудани мазмуну муҳтавои таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат ва рушди технологияҳои муосир 17 ихтисоси нави замонавӣ, аз ҷумла дар самтҳои технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, графикаи компютерӣ, филологияи шарқ ва дигар ихтисосҳои афзалиятнок таъсис дода шуда, қабули донишҷӯён аз рӯи онҳо оғоз гардид. Дар ин хусус Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мирзотоҳир Набизода 28 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дар айни замон дар донишгоҳ 978 омӯзгор, аз ҷумла 54 доктори илм ва профессор, 502 номзади илм ва дотсент фаъолият дошта, зиёда аз нисфи ҳайати омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд. Дар донишгоҳ зиёда аз 21 ҳазор донишҷӯ дар 18 факултет аз рӯи 161 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
«Донишгоҳ бо 119 корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии вилояти Суғд ҳамкорӣ дошта, ин замина ба омодасозии мутахассисони рақобатпазир мусоидат менамояд. Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025–2026 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо ва гимназияҳо 3645 донишҷӯ барои гузаштани таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ равона гардид. Ин нишондиҳандаҳо аз рушди устувори раванди таълим, мутобиқшавии муҳтавои таҳсил ба талаботи замон ва таваҷҷуҳи пайвастаи донишгоҳ ба баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон шаҳодат медиҳанд»,-гуфт ректори донишгоҳ.
Таъкид гардид, ки дар нимсолаи якуми соли равон 14 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 4 рисолаи докторӣ ва 10 рисолаи номзадӣ муваффақона ҳимоя гардида, фаъолияти олимону муҳаққиқон дар самти таҳқиқоти илмӣ, нашри мақолаҳои илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои илмӣ ва рушди инноватсия боз ҳам густариш ёфтааст.
Ректори донишгоҳ дар нишаст ҳамзамон оид ба тадбирҳои андешидашуда барои рақамикунонии низоми идоракунӣ, таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ, рушди инфрасохтори таълимӣ, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ, иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак, инчунин дигар самтҳои муҳими фаъолияти муассиса маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






