Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 27 ихтисоси нав дар соҳаи технология ва металлургияи металлҳои сиёҳ ташкил мешавад
ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар оянда дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 27 ихтисоси нав дар соҳаи технология ва металлургияи металлҳои сиёҳ ва металлҳои нодирзаминӣ таъсис дода мешавад. Дар ин хусус ректори донишкада Давлат Давлатзода 5 август зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Давлат Давлатзода иброз дошт, ки донишкада ягона муассисаи соҳавӣ дар самти саноати кӯҳкориву геология, металлургияву энергетика ва иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ буда, дар он донишҷӯён аз рӯи 38 ихтисос таҳсил менамоянд. Имсол 503 донишҷӯ донишкадаро хатм намуда, соҳибихтисос шуданд.
Таъкид гардид, ки таҷрибаомузӣ қисми асосии ҷараёни таълим ба шумор рафта, ба мустаҳкам намудани донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва ба даст овардани маҳорату малакаҳои касбӣ аз рӯи ихтисоси интихобкардаи онҳо равона карда шудааст. Донишкада бо зиёда аз 63 корхонаи соҳаи саноат шартномаву созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар умум хатмкунандагони донишкада ба 68 корхонаву муассисаҳои соҳавӣ барои таҷрибаомӯзӣ равона карда шудаанд.
«73 фисади омӯзгорони донишкада собиқаи корӣ дар истеҳсолот доранд ва ин ба раванди таълим мусоидат менамояд. Донишкада бо пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳои олии дохиливу хориҷӣ ҳамкории судманд дорад. Дар ин давра омӯзгорони донишкада соҳиби 8 патент оид ба ихтироот шуданд», — гуфт ректори донишкада.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки аз ҷониби олимону омӯзгорони донишкада 8 китоби илмӣ, таълимӣ ва таҳлилӣ: «Иқтисодиёти рақамӣ», «Муқаддимаи ихтисос», «Ҳифзи моликияти зеҳнӣ», «Маводшиносӣ», «Маводшиносӣ дар металлургия», «Ҳамлу нақли автомобилии борҳо», «Ҳамлу нақли борҳо» ва «Тағйироти ҳамҷавори илму маориф ва иқтисодиёти мамлакат» ба нашр расонида шуд.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






