Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз бордони воситаи нақлиёти тамғаи «Mercedes-Benz» бо рақами қайди давлатии 4666НН02 176 килограмм гӯшти бедонаро, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуд, ошкор намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Маҳсулоти мазкур ба сокини 32–солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд П.Ф.А тааллуқ дошта, онро бо мақсади ба ихтиёри шахси дигар гузоштан аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе интиқол додааст.
Тибқи хулосаи бахши назорати байторӣ ва фитосанитарӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар таркиби маҳсулоти гӯшти бедона бактерияҳои бемориовар, аз ҷумла стафилококки тиллоранг ошкор гардид.
Тибқи талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», маҳсулоти хӯрокворие, ки ба саломатии инсон зарар расонида ё барои истеъмол номувофиқ мебошад, хатарнок ҳисобида шуда, муомилот ва фурӯши он манъ аст.
Бо назардошти далелҳои ҷамъоваришуда Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбат ба П.Ф.А бо аломатҳои ҷинояти пешбининамудаи қисми 1 моддаи 209 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






