Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

Август 26, 2026 16:38

ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, пеш аз оғози ҳамоиш намоиши китобҳо ва дастовардҳои соҳаи фарҳанг пешниҳод гардид. Ҳамчунин дар доираи ҳамоиш китоби «Фарҳанг–ҷавҳари ҳастии миллат» муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин китоб дар Нашриёти «Адиб» чоп гардида, аз маҷмуаи мақолаҳо оид ба дастовардҳои бахшҳои фарҳанг дар даврони 35 соли Истиқлолияти давлатӣ иборат мебошад.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки «фарҳанг яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат ба ҳисоб рафта, дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва муаррифии дастовардҳои фарҳанги тоҷик нақши муҳим дорад».

Дар ҳамоиш як зумра намояндагони илму адаб ва фарҳанг бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд. Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи мамлакат барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 26, 2026 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд