Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид

Август 4, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласа оид ба муаррифии «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии рушд, Фонди байналмилалии асъор ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Раҳимзода ва муовини Раиси Кумитаи андоз Аюбҷон Солеҳзода «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030»-ро муаррифӣ намуданд.

Иброз гардид, ки ҳадафи асосии барнома ташкили низоми муосир, шаффоф ва самараноки маъмурикунонии андоз мебошад. Он иҷрои ихтиёрии уҳдадориҳои андозиро аз ҷониби андозсупорандагон осон намуда, ҳамзамон имкониятҳои мақомоти андозро барои пешниҳоди хизматрасониҳои босифат тақвият мебахшад. Дар доираи татбиқи барнома рақамикунонии пурраи равандҳои маъмурикунонии андоз, густариши хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, боз ҳам сода ва сабук намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, коҳиш додани тамоси мустақим байни корманди андоз ва андозсупоранда, рушди хизматрасониҳои фосилавӣ, тақвияти идоракунии хавфҳо, истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ ва ташкили табодули электронии маълумот байни мақомоти давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Таъкид шуд, ки солҳои охир номгӯи модулҳои барномавии Системаи иттилоотии андоз ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз васеъ карда шуда, тавассути ин модулҳо барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон то инҷониб зиёда аз 50 хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шуда, беш аз 60 хизматрасонии электронии андозӣ ҷорӣ карда шудааст.

Яке аз натиҷаҳои муҳими барнома густариши хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ мебошад. Ин тадбир боиси сарфаи вақт ва кам шудани хароҷоти шаҳрвандон ва андозсупорандагон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои андозӣ гардида, сифати хизматрасониҳоро беҳтар месозад. Ҳамчунин интизор меравад, ки бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва низоми идоракунии хавфҳо сифати идоракунии захираҳои андоз хубтар гардида, самаранокии ҷамъоварии андоз баланд бардошта шавад.

Дигар натиҷаҳои назарраси барнома- ин васеъ гардидани манбаъҳои андозбандӣ, афзоиши воридоти андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, таҳкими эътимоди шаҳрвандону андозсупорандагон ва ҷомеа ба мақомоти андоз ва кам гардидани ҳаҷми иқтисоди пинҳонӣ ва ғайра мебошанд.


16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки «Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030»-ро қабул ва татбиқ намояд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки бо назардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки «Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030»-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд. Ҳамзамон вазорату идораҳо доир ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар ҷаласа намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии рушд, Фонди байналмилалии асъор сухан намуданд. Инчунин намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, Бонки миллӣ оид ба барнома фикру мулоҳизаҳо баён намуда, пешниҳодҳо манзур карданд.

Татбиқи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» ба таҳкими устувории молияи давлатӣ, беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ, ташаккули низоми муосир ва рақамии маъмурикунонии андоз, инчунин рушди дониш, малака ва сатҳи касбияти кормандони мақомоти андоз мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти идомаи ислоҳот «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030»-ро қабул намуд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ