Дар Душанбе беш аз 7 ҳазор қуттӣ сигори бе тамғаи аксизӣ ошкор гардид

Август 17, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти  гумруки Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе воситаи нақлиёти тамғаи «KIA SEDONA» боздошт гардид, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили бордони мошин 716 баста, дар маҷмуъ 7160 қуттӣ сигори тамғаи «ESSE CHANGE», истеҳсоли Ҷумҳурии Корея, бе тамғаи аксизии воридотӣ ошкор карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи хабари манбаъ, мошин ба шаҳрванд Н.А.П,  сокини 34-солаи шаҳри Ҳисор тааллуқ доштааст.

Муайян гардид, ки маҳсулоти мазкур бе назорати гумрукӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар муомилот қарор доштааст.

Бо назардошти далелҳои ҷамъоваришуда Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрванд Н.А.П бо аломатҳои ҷинояти пешбининамудаи қисми 1 моддаи 259 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 17, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид