Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид

Август 14, 2026 13:55

ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони соҳаи тиб (18 август) таҳти унвони «Ҷоизаи Абуалӣ ибни Сино — арҷгузории шоистаи фарзонафарзанд ва муаррифии густурдаи илми тибби тоҷик» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, конференсия бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзонафарзанди тоҷик- Абуалӣ ибни Сино ва саҳми ӯ дар илми тиб доир шуд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои халқи тоҷик бузургтарин неъмати таърихӣ ва муқаддастарин дастоварди миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо шарофати он пояҳои давлатдории навини тоҷикон устувор гардида, барои рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла тандурустӣ шароити мусоид фароҳам омад.

Дар идома олимону муҳаққиқон оид ба нақш ва хизматҳои бузурги Абуалӣ ибни Сино сухан гуфтанд. Иброз гардид, ки Абуалӣ ибни Сино ба тибби тоҷик на танҳо дониш, балки усули табобат низ додааст. Сино илми парокандаро ба системаи ягона табдил дода, илми тибби тоҷикро ба олами Ғарб муаррифӣ намуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мафкурасоз дар таблиғу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳифзу таҳкими Ваҳдати миллӣ нақши муаасир дошта, онро дар меҳвари фаъолият қарор додааст.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Август 14, 2026 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид