Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад

Август 21, 2026 12:03

ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис диҳад. Дар ин хусус 20 август зимни вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Раёсати рушди захираҳои инсонӣ ва иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд София Шакил иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат иттилоъ медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба таъсиси Беморхонаи миллии кӯдакона, таҳияи Шабакаи озмоишгоҳҳои минтақавӣ оид ба муқовимати зиддимикробӣ, сохтмон ва бо дастгоҳу лавозимоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонидани Маркази миллии онкологӣ мубодилаи афкор намуданд.

Намояндагони Бонки Осиёии Рушд барои густариши ҳамкорӣ ва дастгирии иқдому нақшаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳори  ҳавасмандӣ намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони аслӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла амалисозии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар боло бурдани раванди хизматрасонии тиббӣ нақши муассир дорад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 21, 2026 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд