Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва густариши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Туркия 4 август зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Раиси Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия Рушен Четин баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Дар вохӯрӣ шароити фароҳамовардашуда барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатию истеҳсолӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат муаррифӣ гардид. Ҳамзамон ба масъалаҳои рушди саноати нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, рушди саноати дорусозӣ ва татбиқи технологияҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






