Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид

Август 1, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 01.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30-31 июл дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ таҳти унвони «Кори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва рушди он дар давраи истиқлолият» доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадафи асосии форум аз таҳкими иқтидори кадрии хадамоти иҷтимоӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ дар самти ҳифзи кӯдакони осебпазир, дастгирии оилаҳо ва тарғиби хизматрасониҳои фарогири иҷтимоӣ иборат буд.

Ташаббускори форум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он тавассути Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии ЮНИСЕФ баргузор гардид.

Дар форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Эри Двиведӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, шарикони рушд, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои академӣ аз Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Австрия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷопон иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон дар таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ тавассути ислоҳоти стратегӣ ва сармоягузорӣ ба навсозии низом пешрафти назаррас ба даст овардааст.

Иштирокчиёни форум таъкид намуданд, ки кормандони иҷтимоии ҳамаҷониба омодагардида дар пешгирии ҷудошавии кӯдак аз оила, вокуниш ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, дастгирии кӯдакони маъюб ва дигар гурӯҳҳои осебпазир, инчунин таҳкими устувории ҷомеа нақши муҳим мебозанд.

Давоми ду рӯз иштирокчиён дар шаш муҳокимаи панелии мавзуӣ иштирок карда, масъалаҳои таҳкими ҳамкории минтақавӣ, идоракунии парванда, навоварӣ ва рақамикунонӣ дар хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва таҳсилоти касбии кормандони иҷтимоиро баррасӣ намуданд.

Форум бо қабули Эъломия ҷамъбаст гардид, ки дар он афзалияти муштарак ва иқдоми минбаъда оид ба таҳкими кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва тамоми минтақа муайян карда мешаванд.

Форум инъикоси ҳамкории бисёрсолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар таҳкими низомҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак мебошад, ҳамкорие, ки ба ташаккули кадрҳои касбӣ ва устувори хадамоти иҷтимоӣ равона шуда, ба ҳар кӯдак ва ҳар оилаи ниёзманд кумак мерасонад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон

Август 1, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд