Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Марказ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти муҳоҷират пас аз таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд. Дар бинои нав инчунин филиали Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир карда шудааст.
Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, бо шароити зарурӣ ва таҷҳизоти муосир барои баргузории машғулияти таълимӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ ва омӯзиши касбӣ таъмин мебошад. Дар ошёнаҳои якум ва дуюм чор синфхонаи таълимӣ ҷойгир буда, дар онҳо барои шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мераванд, машғулияти омодагии пеш аз сафар ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил карда мешавад. Аз ҷумла, шаҳрвандон метавонанд забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва кореягиро омӯзанд.
Дар раванди омодагии пеш аз сафар ба шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ, талаботи қонунгузорӣ, қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар давлатҳои қабулкунанда маълумоти зарурӣ пешниҳод мегардад. Ҳамзамон ба шаҳрвандон оид ба фарҳанг, урфу одат, анъана ва меъёрҳои рафтори мамлакатҳои қабулкунанда маълумот дода мешавад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Марказ омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки шаҳрвандон пеш аз сафар малакаҳои забондонӣ ва муоширати худро такмил дода, барои фаъолияти меҳнатӣ дар муҳити нав омодагии бештар пайдо намоянд.
Дар филиали Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе омӯзиши касбҳои мавриди талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи мамлакат ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар ин ҷо шаҳрвандон метавонанд касбҳои дӯзандагӣ, пешхизматӣ, заргарӣ ва дигар касбу ҳунарҳои дорои талаботро омӯзанд.
Чунин омӯзишҳо ба баланд бардоштани рақобатпазирии шаҳрвандон дар бозори меҳнат ва фароҳам овардани имконияти нави шуғл мусоидат мекунанд. Ҷойгир намудани ду муассисаи соҳавӣ дар як бино ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои машваратӣ, омодагии пеш аз сафар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзиро дар як ҷо дастрас намоянд.
Омодагии дурусти шаҳрвандон пеш аз сафар яке аз омилҳои муҳими пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъмини фаъолияти қонунии онҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ фаъолияти Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, забондонӣ ва омодагии касбии шаҳрвандон аҳамияти муҳим дошта, ба таҳкими муҳоҷирати бехатар ва қонунии меҳнатӣ мусоидат мекунад.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






