Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 оғоз ёфт

Август 20, 2026 12:01

ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 оғоз ёфт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, ширкатҳои саноатӣ, содиркунандагон, сармоягузорон ва соҳибкорон аз кишварҳои гуногун иштирок намуданд.

Форум ва намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалию ватанӣ баргузор шуда, дар он дастовардҳои соҳаи хӯроквории Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардиданд.

Зимни ифтитоҳи Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ гуфта шуд, ки саноати хӯрокворӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, дар татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва рушди иқтидори содиротии мамлакат нақши калидӣ дорад.

Форум ва намоишгоҳ ба рушди саноати хӯрокворӣ, ҷалби сармоягузорӣ, муаррифии технологияҳои муосир, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва густариши ҳамкории тиҷоратӣ мусоидат менамоянд.

Бояд гуфт, ки дар доираи эълон гардидани Панҷсолаи рушди саноат (2022-2026) ва аз кишвари аграрӣ ба давлати саноатӣ –аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, хусусан барои рушди саноати хӯрокворӣ тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 921 корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо беш аз 15 ҳазору 600 нафар кор мекунанд. Дар Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ таваҷҷуҳи махсус ба рушди бахшҳои кишоварзӣ ва хӯрокворӣ зоҳир карда шуд. Иштирокдорон масъалаҳои марбут ба рушди истеҳсолот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва густариши ҳамкории тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд гуфт, ки саноати хӯрокворӣ бахши стратегии иқтисодиёти Тоҷикистон буда, решаҳои амиқ дар анъанаҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии мардуми тоҷик дорад. Давоми асрҳо сокинони маҳаллӣ усулҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти хӯроквориро таҳия ва такмил дода, маҳсулоти беназир ва баландсифат истеҳсол мекарданд.

Ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ бозгӯи онанд, ки сарзамини тоҷикон аз замонҳои қадим ҳамчун маркази истеҳсоли хӯрокҳои серғизо ва босифат машҳур будааст. Меваҳои хушки тоҷикӣ дар бозорҳои воқеъ дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим талаботи зиёд доштаанд. Навъҳои беназири равғанҳои растанӣ ва тухмиҳои тоҷикӣ дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ машҳур будаанд.

Дар доираи форум инчунин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандӣ «UPAK EXPO 2026» баргузор гардида, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳои ватаниву хориҷӣ дастовардҳояшонро муаррифӣ менамоянд.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди минбаъдаи саноати хӯроквории Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оранд.

Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ пагоҳ, 21 август корашро дар ҷаласаҳои мубоҳисавӣ идома дода, дар онҳо масъалаҳои муҳими марбут ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва дурнамои рушди саноати хӯрокворӣ дар Тоҷикистон баррасӣ мегарданд. Ҳамзамон вохӯриҳои соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагон дар сатҳи B2B баргузор гардида, дар онҳо таҳкими ҳамкорӣ байни соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагон, инчунин татбиқи технологияҳои муосир дар соҳаи саноати хӯроквории мамлакат баррасӣ мегарданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 20, 2026 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид