Дар Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конфронси байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти ҷиддитарини глобалии замони муосир ба шумор рафта, ба ҳолати муҳити зист, захираҳои обӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо таъсири назаррас мерасонад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зиёда аз 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, оқибатҳои тағйирёбии иқлим махсусан шадид эҳсос мешаванд. Ин нуктаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистони Сулаймон Зиёзода дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иброз намуд.
Гуфта шуд, ки раванди тағйирёбии иқлим дар шакли суръатёбии обшавии пиряхҳо, тағйирёбии низоми обуҳавошиносӣ, афзоиши басомад ва шиддатнокии зуҳуроти хатарноки обуҳавошиносӣ, инчунин боло рафтани хавфҳои иқлимӣ ба аҳолӣ ва соҳаҳои асосии иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонад.
Муовини Сарвазири мамлакат гуфт, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим ҷомеаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавиро даъват намуд, ки бояд нисбат ба масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҷиддӣ муносибат намуда, дар ин самт тадбирҳои саривақтию муассир андешида шаванд.
Зимни конфронси байналмилалӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини захираҳои обии Осиёи Марказӣ нақши муҳим дошта, дар қаламрави кишвар қисми зиёди захираҳои обии минтақа ташаккул меёбанд, ки манбаи асосии онҳо пиряхҳо ва пӯшиши қабати барфи мавсимӣ мебошанд. Дар чунин шароит рушди низоми муосири мониторинги обуҳавошиносӣ, такмили шабакаи мушоҳидавӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионии мониторинг ва пешгӯӣ, инчунин густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти криосфера аҳамияти махсус касб менамояд.
Таъкид гардид, ки давоми беш аз ду даҳсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори якчанд иқдомҳои байналмилалӣ дар самти захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо гардид, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ ёфтаанд. Қабули қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва «Даҳсолаи байналмилалии амалҳо дар соҳаи илмҳои криосфера (2025–2034)» аҳамияти рӯзафзуни ҳамкории илмӣ ва амалиёти муштаракро дар самти ҳифзи криосфера таъкид менамояд.
Дар конфронси байналмилалии «35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва коршиносони соҳаи иқлим иштирок намуданд.
Иштирокдорони конфронси байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, низомҳои муосири мониторингу пешгӯии обуҳавошиносӣ ва идоракунии устувори захираҳои обро баррасӣ намуда, пешниҳодҳои самарабахш манзур намуданд. Инчунин ҳамкории байналмилалии илмӣ муҳокима шуда, доир ба муколамаҳои байналмилалӣ, рушди ояндаи устувории иқлим, обуҳавошиносӣ ва илмҳои криосферӣ табодули назар доир шуд.
Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» бо мақсади мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ, самтҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳифзи криосфера, инчунин таҳкими ҳамкории байналмилалии илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.
Конфронс ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100–солагии таъсиси идораи обуҳавошиносии мамлакат бахшида шуда, ба дастовардҳои кишвар дар рушди соҳаи обуҳавошиносӣ, пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва рушди илми иқлимшиносӣ нигаронида шуд.


Иштирокдорон таъкид намуданд, ки конфронс ҳамчун платформаи байналмилалӣ барои мубодилаи афкори созанда байни намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ, ҷомеаи коршиносон ва шарикони рушд дар масъалаҳои такмили мониторинги обуҳавошиносӣ, рушди таҳқиқоти криосфера, амалӣ намудани технологияҳои муосири мушоҳида ва пешгӯӣ, баланд бардоштани устуворӣ ба хатарҳои иқлимӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим хизмат менамояд.
Дар фарҷоми конфронс таҳияи тавсияҳои амалӣ оид ба такмили мониторинги обуҳавошиносӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ, ҳифзи пиряхҳо, баланд бардоштани устуворӣ ба хатарҳои иқлимӣ ва идомаи рушди ҳамкории байналмилалӣ дар самти тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид.
Конфронс чун платформаи байналмилалӣ ба табодули дониш ва таҷрибаи пешқадам, самтҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин таҳияи қарорҳои амалии муштарак оид ба рушди мониторинги соҳаи обуҳавошиносӣ, баланд бардоштани устувории иқлимӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим мусоидат мекунад.
Марзия САИДЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»











Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»






