Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 август бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 15 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги вилояти Суғд, дар «Боғи Ирам» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон ва дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ баргузор мешавад.
16 август дар «Боғи Ирам» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон доир мегардад.
Дар ин рӯзҳо кормандони ноҳияҳо бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ, намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро шод мегардонанд. Ҳунармандон ва аҳли фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби фарҳангӣ фазои идона ва хотирмон фароҳам меоранд.
Cокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд дар ин рӯзҳои бошукуҳи фарҳангӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ шинос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 6 июн оғоз гардида, то 23 августи соли равон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






