Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Дарвоз баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Дарвоз бо намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шукуҳманд баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ, сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин сайёҳони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Намоишгоҳ фарогири маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавоти тару тоза, маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва намунаҳои фарҳанги ғании се шаҳр буда, диққати меҳмононро ҷалб намуд.
Иштирокчиён иброз намуданд, ки дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсули сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз ба шарофати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумат тамоми минтақаҳои мамлакат ба марҳилаи нави рушду пешрафт ворид шудаанд.
Гуфта шуд, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе барои муаррифии дастовардҳо, имконияти иқтисодӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дарвоз, ки онро аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ «дарвозаи тиллоии Бадахшон» меноманд, давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми шахсони саховатманду боҳиммати ин гӯшаи зебоманзару дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон рушду тавсеа ёфтааст. Сокинони ноҳия на танҳо дар бахши сайёҳӣ, балки дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба муваффақияти чашмрас ноил гардидаанд.
Ин ноҳия бо манзараҳою табиати дилфереб, чашмаҳои софу зулол, рӯдҳои хурӯшон, боғҳои пур аз меваҳои шаҳдбор (себ, анор, анҷир), таърихи қадимӣ ва мардуми бофарҳангу некухисолу хубрӯйяш дар ҷумҳурӣ ва берун аз он шуҳратёр гардидааст. Дар Дарвоз, ки онро диёри хубрӯён ном мебаранд, даҳҳо нобиғаҳо, шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсат, иқтисод, илму фарҳанг зода ва ба камол расида, дар рушду пешрафти сарзаминамон саҳми бориз мегузоранд.
Шуғли асосии мардуми Дарвоз кишоварзӣ ва чорводорӣ буда, солҳои охир корхонаҳои гуногуни саноатӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии мамлакат Парки инноватсионии саноатию технологӣ бунёд гардидааст, ки шаҳрчаи саноатиро мемонад.
АКС: АМИТ «Ховар»











































Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






