Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод бо намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба таври шукуҳманд баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Намоишгоҳ фарогири маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавоти тару тоза, маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва намунаҳои фарҳанги ғании ноҳия буда, диққати меҳмононро ҷалб намуд.
Гуфта шуд, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе барои муаррифии дастовардҳо, имконияти иқтисодӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Муъминобод дорои таъриху фарҳанги қадимӣ буда, дорои беш аз 100 ёдгории таърихӣ, ҷойҳои муқаддас ва мавзеъҳои тамошобоб мебошад. Ноҳия аз 7 ҷамоат иборат мебошад, ки дар онҳо беш аз 90 000 аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд.
Дар ноҳияи Муъминобод барои сайёҳон ва меҳмонон маконҳои ҷолиб зиёданд, аз ҷумла «Чилдухтарон», Қалъаи Муъминобод, Оромгоҳи «Шоҳи хомӯш» дар деҳаи Лангар, Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров дар маркази ноҳия ва Хонаи Асрори маънӣ дар деҳаи Кӯлчашма, Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва ғайра. Имрӯзҳо дар ноҳияи Муъминобод мардум ба ҳунарҳои гуногуни аҷдодии қадимӣ ва муосир- бофандагӣ (ҷӯроббофӣ, қолинбофӣ), дӯзандагӣ (чакандӯзӣ, қаламарезгӣ, тоқидузӣ, гулдӯзӣ, чодардӯзӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, танӯрсозӣ ва оҳангарӣ машғул мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»


























































«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






