Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рашт баргузор гардид

Август 2, 2026 21:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи «Ирам»-и пойтахт Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рашт дар фазои идона бо пешниҳоди дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи фарҳангӣ масъулони сохторҳои давлатӣ, меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуда, бо дастовардҳои ин ноҳия, ки  давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳиб шудаанд, шинос гардида, аз фазои таҷлили он изҳори хушнудӣ карданд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаю созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияҳои дурдасти мамлакат марҳила ба марҳила дар роҳи роҳи рушду пешрафт қадамҳои устувор мегузоранд.

Меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳия аз наздик шинос шуданд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.

Дар намоиш-фурӯш ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маҳсулоти гуногун хаймаҳои зиёд ороста, ҳунармандон анвои гуногуни маҳсулот ва маҳсули дастранҷашонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ноҳияи Рашт аз сатҳи баҳр дар баландии 1300 метр ҷойгир буда, иқлими  муътадил дорад. Хоки ноҳия асосан ҷигарранг буда, барои рушди парвариши соҳаи растанипарварӣ муфид аст. Ноҳия аз рӯи хусусияташ аграрӣ буда, 89,2 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Сайёҳони дохилию хориҷӣ ҳамасола аз беҳтарин мавзеъҳои ноҳияи Рашт: дараи Камароб, деҳаҳои Ясмин ва Ҳоит дидан менамоянд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2026 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд