Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 09.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияи Варзоб аз наздик шинос шуданд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.
Дар намоиш-фурӯш ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маҳсулоти гуногун хаймаҳои зиёд ороста, анвои гуногуни маҳсулот ва ҳунармандон маҳсули дасти худро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод карданд.
Дар намоиш маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили гӯшт, помидор, картошка, пиёз, бодиринг, зардолу, тухм, тарбуз, харбуза, асал, себ, шафтолу, олуболу ва ғайра бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шуд, ки сокинони пойтахт аз он хариданд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» баргузор мешаванд.
Дар ин рӯзҳо кормандони шуъбаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ, намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро шод мегардонанд.
АКС: АМИТ «Ховар»






































«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






