Дар Душанбе таҷрибаи 35-солаи сулҳофарӣ ва сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон баррасӣ шуд

Август 25, 2026 11:36

ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи конфронс муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони сохторҳои давлатӣ, коршиносон ва муҳаққиқон иштирок намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  иброз намуд, ки конфронс барои таҳлилу баррасии дастовардҳои 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати хориҷии бисёрсамта, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ва саҳми Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор замина фароҳам меорад.

Ба иттилои Сироҷиддин Муҳриддин, Вазорати корҳои хориҷӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ бар пояи сиёсати «дарҳои кушода» фаъолият намуда, ба рушди муносибатҳои дӯстона ва таҳкими ҳамкории судманд бо кишварҳои ҷаҳон мусоидат намуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистонро 192 кишвари ҷаҳон эътироф намуда, кишвар бо 186 давлат муносибатҳои дипломатӣ дорад. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ буда, иштирокдори 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад.

Вазир ҳамчунин гуфт, ки дар давраи истиқлолият дипломатияи тоҷик дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои об, иқлим, ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо таҳдидҳои муосир нақши муҳим доштааст.

Тибқи суханронӣ, то имрӯз шаш ташаббуси Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо тавассути қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидаанд.

Дар ин замина таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамчун марҳилаи нави иштироки кишвар дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим арзёбӣ гардид.

Вазири корҳои хориҷӣ инчунин бо ишора ба таҷрибаи сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва истиқрори сулҳу субот ба фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати рушди устувори мамлакат мусоидат кардааст.

Зимни суханронӣ аз «Раванди Душанбе дар мубориза бо терроризм», ки аз соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои шарик амалӣ мешавад, ҳамчун яке аз самтҳои муҳими дипломатияи муосири Тоҷикистон ёдоварӣ карда шуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар ду соли охир бо ташаббуси Тоҷикистон якчанд қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла оид ба эълони соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконияти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» қабул шудаанд.

Вазир аз имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ, инчунин Шартнома байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ ҳамчун рӯйдодҳои муҳими рушди ҳамкории минтақавӣ ёдовар шуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар доираи сиёсати хориҷии худ ба рушди дипломатияи иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди минтақавию ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хосса медиҳад.

Инчунин ба дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг ва ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ишора шуда, гуфта шуд, ки қариб 40 номгӯй мероси таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 25, 2026 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид